Қонунгузорӣ
Зоҳир
Қонунгузорӣ — мафҳуми ҳуқуқӣ, ки ҳам ба мазмуни васеъ ва ҳам маҳдуд истифода мешавад. Ба мазмуни маҳдуд қонунгузорӣ фақат маҷмӯи қонунҳо мебошад.
Ба мазмуни бештар истифодашаванда қонунгузорӣ — маҷмӯи на фақат қонунҳо, балки дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки парлумон, сардори давлат ва Ҳукумат, вазоратҳо ва идораҳое, ки барои қабули онҳо ваколатдор шудаанд, қабул менамоянд.
Ба мазмуни васеъ қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама манбаъҳои меъёрӣ-ҳуқуқии давлат, аз ҷумла қарори Суди конститутсионӣ, қарорҳои раёсати Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 252