Қонунҳои конститутсионӣ
Қонунҳои конститутсионӣ – дар баъзе мамлакатҳо яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Дар Фаронса, Руминия ва ғайра қонунҳои конститутсионӣ ин қонунест, ки ба конститутсия тағйирот дохил мекунад, дар Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул карда мешаванд, ки дар конститутсия пешбинӣ шудаанд. Дар ҳолати аввал тарзи қабули қонунҳои конститутсионӣ бо тарзи тағйирдиҳии конститутсия як аст, дар ҳолати дуюм қонунҳои консгитутсионӣ бо тарзи мураккабе қабул мегарданд, ки одатан аз тарзи тағйирдиҳии Консгитутсия фарқ мекунад.
Дар мамлакатҳои ҷудогона қонунҳои конститутсионӣ гуфта, қонунҳое дониста мешаванд, ки дар маҷмӯъ конститутсияи ҳамин давлатро ташкил медиҳанд (масалан, дар Шветсия – қонун дар бораи валиаҳд соли 1810, шакли идора соли 1974, қонун дар бораи озодии матбуот соли 1949).
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ қонунҳоеанд, ки оид ба масъалаҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда қабул карда мешаванд. Қонунҳои констигутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад (моддаи 41).
Қонунҳои конститутсионӣ нисбат ба қонунҳои ҷорӣ ва ҳар гуна санадҳои ҳуқуқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд.
Одатан, Президент дар мавриди қонунҳои конститутсионӣ ҳуқуқи боздошт (вето) надорад, вале Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 62) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баргардондани қонунҳои конститутсиониро додааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос намедиҳад, ки қонунҳои консгитутсионӣ бо худи консгитутсия дар як қатор шуморида шавад ва ё қисми Конститутсия ҳисоб карда шавад. Мувофиқи модцаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд»
. Ин ҳолат ба қонунҳои конститутсионӣ низ дахл доранд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 256 - 257