Jump to content

Қонунҳои ҷорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонунҳои ҷорӣ — дар адабиёти ҳуқуқӣ ғайр аз қонунҳои конститутсионӣ дигар қонунҳоро қонунҳои ҷорӣ меноманд, дар баъзе сарчашмаҳо онҳоро қонунҳои одӣ ва муқаррарӣ низ меноманд. Қонунҳои ҷорӣ бо тарзи қабул ва эътибори ҳуқуқӣ гирифтан аз қонунҳои консгитутсионӣ фарқ доранд. Қонунҳо санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошанд, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешаванд ва масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлат ва ҷомеаро танзим мекунанд.

Қонунҳои ҷорӣ ба Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии дахлдор бояд мувофиқ бошанд. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ қонунҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул менамояд, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонун дар бораи буҷаи давлатӣ. Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб меёбад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Як навъи қонунҳои ҷорӣ кодекс мебошад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 257