Қонуни ҳуқуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонуни ҳуқуқӣақида ва талаботи муҳимтарини ҳуқуқи фитрӣ, принсипи аввалиндараҷаи фалсафаи ҳуқуқ, асоси ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фаҳмиши васеи (муосири) ҳуқуқ аст. Он аз тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва ҳуқуқи позитивӣ ҳосил шуда, зарурати қабули қонунҳоро (тамоми шаклҳои расмии ифодаи ҳуқуқро) бо назардошти талаботу арзишҳои башар дар назар дорад. Ақида ва талаботи қонуни ҳуқуқӣ ҳоло дар Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ мустаҳкам шудааст. Аз ҷумла, Конститутсия як қатор талаботҳои аввалиндараҷаи қонуни ҳуқуқиро мустаҳкам намудааст, ба монанди ба Конститутсия мутобиқ будани қонунҳо, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ дар назди қонунҳои ҷумҳурй, ҳатман нашр шудани қонунҳо (м. 10), имкони ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби қонунҳо (м. 14), вази-фаи давлат оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳон фитрии инсон (м.5).[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 254