Қонуни ҷои содир шудани амал
Зоҳир
Қонуни ҷои содир шудани амал - формулаи вобастакунӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ буда, татбиқ намудани ҳуқуқи давлатеро дар назар дорад, ки дар қаламравн он амали хусусияти ҳуқуқии хусусӣ содир шудааст (додани ваколатнома, имзои шартнома ва ғайра). Чунин формулаи вобастакунӣ дорои амалҳои гуногуни гражданӣ-ҳуқуқӣ буда, маълумтаринаш инҳоянд:
- қонуни ҷои бастани шартнома;
- қонуни ҷои иҷрои шартнома;
- қонуни ҷои расонидани зарар.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 254