Қосимхон Мавҷии Бадахшонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қосимхон Мавҷии Бадахшонӣ

Мирзо Қосимхон Мавҷии Бадахшонӣ (форсӣ: قاسم موجی بدخشانی[1]; ? — 1571, Агра) — шоири форс-тоҷики Ҳиндустон.

ЗИндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан аз Бадахшон буда, дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Саид Нафисӣ аз рӯи катибаи санги мазори Мавҷӣ, ки дар музеи Пруншали (Прунтали) шаҳри Лакхнав маҳфуз аст, дар рӯзномаи «Равобити фарҳангии Ҳинду Эрон» доир ба ҳаёти шоир маълумот додааст. Мавҷӣ замони ҳокимии Ҳумоюн дар Бадахшон дар суҳбати ӯ будааст. Ҳумоюн ҳангоми ба Ҳиндустон рафтанаш Мавҷиро бо худ мебарад. Дар давраи подшоҳии Акбар Мавҷӣ ба баҳрнавардӣ машғул буд. «Мавҷӣ» тахаллус гирифтанаш низ ба ҳамин касбаш вобаста аст. Мавҷӣ шоири намоён буда, дар замонаш шуҳрат доштааст. Маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» таълиф кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. قاسم موجی بدخشانی. rasekhoon.net. 8 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мавҷӣ / А. Ҳабибов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).