Jump to content

Қулдош Боқихони Хонанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қулдош Боқихони Хонанда
Қулдош Боқихони Хонанда
Таърихи таваллуд 1840(1840)
Зодгоҳ ноҳияи Ғиждувон, вилояти Бухоро
Таърихи даргузашт 1902(1902)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Қулдош Боқихони Хонанда (1840, ноҳияи Ғиждувон, вилояти Бухоро — 1902, Бухоро) — навозанда, сароянда, мақомхони машҳури ҳавзаи иҷроии Ғиждувон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш дар зодгоҳаш ва Бухоро гузашта, аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ роҳ ёфта, аз падараш, ки иҷрокунандаи машҳури марвихонӣ, мақом буд, овозхониро омӯхт. Назди Ҳоҷӣ Абдулазиз Махсум (1842—1905), Бобо Ҷалол (1845—1928) ва дигарон асосҳои амалии мақомҳоро фаро гирифта, дар иҷрои «савт», «наср» маҳорати хуб дошт ва «Соқинома»-ҳоро дар пояи ҳунарӣ иҷро мекард. Аз Ҳоҷӣ Абдуллои Савтӣ (1834—1902) асосҳои суннатии иҷрои мақомҳо, шеъ-рро амиқ омӯхта, дар иҷрои «Чапандози Наво», «Мустаҳзоди Наво», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Ороми ҷон», «Уфари Ороми ҷон», «Насруллоӣ» ва силсилаи сурудҳои «марвӣ» маҳорати баланди ҳунарӣ ба харҷ додааст.

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 113. — ISBN 978-99947-49-13-3.