Қурбонхони Самарқандӣ
Қурбонҳони Самарқандӣ | |
Таърихи таваллуд | 1858 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 1915 |
Қурбонхони Самарқандӣ (1858, Самарқанд — 1915, Самарқанд) — сароянда, марвисаро, раққоса ва намояндаи машҳури ҳавзаи иҷроии Самарқанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиндагӣ ва фаъолияти Қурбонҳон дар давраи салтани амирони манғитӣ Музаффар (1860—1885), Абдулаҳад (1885—1910), Олимхон (1910—1920) ҷараён гирифта, аз аввалин зани хонанда, раққоса буда, дар синни 12-солагиаш ба шавҳар доданд, вале ӯ таҳти ҳимояи Генерал-губернатори рус ба олами мусиқӣ ворид мешавад. Қурбонхон се маротиба дар ҳайати дастаи ҳунарии губернатор ба Русия (1887, 1888, 1892) сафари ҳунарӣ намуд. Дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи мақом, бештар дар марвисароӣ, рақс шуҳрат ёфт. Қурбонхон аз аввалин зани тоҷик, ки сарварии дастаи ҳунариро ба уҳда дошт (то соли 1915 асосан занони яҳудинасаби Бухоро, Самарқанд сарварии дастаҳои бонувони ҳунарӣ буданд). Қурбонхон мактаби иҷроии Марямбонуи Хонандаро (1831—1872) идома додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 115. — ISBN 978-99947-49-13-3.