Қурбон Ғуломзода
Қурбон Ғуломзода (Қурбон Ғуломович Авғонов то соли 2015) | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 26 октябр 1963 (60 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Куйбишев ноҳияи Восеъ |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» бо нишони «Нишони сухан» (2013) |
Қурбон Ғуломзода (Қурбон Ғуломович Авғонов то соли 2015) — китобдор ва библиографи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Аълочии фарҳанг, матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Қурбон Ғуломович Авғонов – 26 октябри соли 1963 дар деҳаи Куйбишеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон) ба дунё омадааст., Факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст (1989). Мураббии клуби наврасони Душанбе (1988–1989), методисти калони шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ (1989), лаборант, мудири кабинет, омӯзгори кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1989–1994), таҳсил дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (1994–1997), омӯзгори кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1997–1999), мудири кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1999–2003), сармутахассиси раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001–2003), раиси Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004–2011), сармуҳаррири нашрияи «Роҳнамои дониш» (2010–2011), раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (2003-2015). Бо ташаббуси Авғонов Қ. тачлили Фестивали ҷумхуриявии "Ҳафтаи иитоби кудакону наврасони Тоҷикистон" баргузор мегардад.[1] Аз соли 2015 ба ҳайси Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.[2]
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Қ. Авғонов дар соҳаи китобдорӣ ва библиографишиносӣ бештар 130 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Ӯ ҳамчунин дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013» ширкати фаъол дошта, Консепсияи «Хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар», рисолаҳои илмии «Библотечное образование в Республике Таджикистан» ва «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Дарсномаи «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо»-ро таълиф ва ба нашр расондааст. Ба кишварҳои Амрико, Эрон, Хитой ва кишварҳои узви ИДМ сафар карда, дар конференсияҳои илмӣ ва ҳамоишҳои фарҳангӣ баромад кардааст. Барои фаъолияти пурсамараш дар соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва нишони «Нишони сухан» (2013) сарфароз гардонида мешавад.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Мактаби китобдории Тоҷикистон [Матн]: Омилњои пайдоиш ва марҳилаҳои инкишоф. – Душанбе, 1997. – 26 с.
- Бобоҷон Ғафуров – библиограф [Матн] /Зери назари профессор А. Раҳимов. – Душанбе: Санадвора, 1998. – 19 с.
- Библиотечное образование в Республике Таджикистан [Текст]: Сущность, факторы формирования, состояние и пути дальнейшего совершенствования /Под ред. профессор А. Рахимова. – Душанбе, 1998. – 126 с.
- Проблемы совершенствования библиотечного образования (На примере учебных заведений Республики Таджикистан) [Текст]: Автореф. дисс… канд. пед. наук. – Душанбе, 1999. – 16 с.
- Китобшинос [Матн]: Китобномаи шарҳиҳолии Шариф Комилзода (Тошев). – Душанбе: Эљод, 2008. – 104 с.
- Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар: Маводи роњбарикунанда /Муњаррир М. Юсупова. – Душанбе: Санадвора, 2009. – 60 с.
- Консепсияи хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонањои давлатї – оммавї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон /Муњаррир С. Шосаидов; Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи М. Миршакар. – Душанбе: Эљод, 2009. – 28 с.
- Китобдори собиқадор [Матн]: Китобномаи шарҳиҳолии Ҷӯрабой Раҷабов / Муҳаррир М. Юсупова. – Душанбе, 2010. – 160 с. – Бо ҳамкории М. Раҷабзод.
- Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Монография /Муҳаррири масъул Қ. Бӯриев; Муҳаррир Г. Маҳмудов; Муҳаррири илмӣ Б. Холов; Пажӯҳишгоњи фарҳанг ва иттилоот. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 180 с.
- Ҷӯрабек Муродов: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Авғонов, Муҳаррир М. Юсупова. - Душанбе: Истеъдод, 2014.- 32 с.
- Зафар Нозимов: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Авғонов, Муҳаррир М. Юсупова. - Душанбе: Истеъдод, 2014.- 48 с.
- Одина Ҳошимов: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Авғонов, Муҳаррир М. Юсупова. - Душанбе: Истеъдод, 2014.- 48 с.
- Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович: Маљмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода; Муҳаррир Қ. Авғонов. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – 158 с.
- Қ. Авғонов доир ба маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон ва феҳристи адабиёт (библиографи)и олимону адибони Тоҷикистон асарҳои зиёд таҳия кардааст.
Аз ҷумла:
- Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. - Душанбе, 2013
- Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ / Мураттибон, муаллифи мақолаи муқаддимавї ва шарњињолии адибањо Ќурбон Авғонов, Муњаббат Юсуфова. - Душанбе: Истеъдод, 2015.- 200 с.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- дорандаи «Нишони сухан» - и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
- «Ифтихорнома»-и Федератсияи сулҳ ва ваҳдат Созмони байналхалқии ҷамъиятии мақоми машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва мақоми иштирокчии Шурои Аврупо.
Адабиёт доир ба Авғонов (Қурбон Ғуломзода)[вироиш | вироиши манбаъ]
- Кӯлоб. Энсиклопедия [Матн]. – Душанбе,2006. – 640 с.
- Авғонов Қурбон Ғуломович: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода. – Душанбе: Истеъдод, 2013. – 128 с.