Қуқнӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қуқнус)

Қуқнӯс, қақнӯс[1] (форсӣ: ققنوس‎), анқо́ (ар. عنقاء‎), фе́никс (юн. Φοῖνιξ, лот. phoenix; шояд аз юн. φοίνιξ, «арғувонӣ, сурхи баланд») — парандаи муқаддаси афсонаӣ, ки дар асотири Эрон, асотири Юнон, асотири Миср ва асотири Чин аз он ном бурда шудаааст.

Дар бораи ин мавҷуди афсонаӣ гуфта мешавад, ки вай мурғе нодир ва танҳост ва ҷуфтӣ ва зоишӣ надорад. Аммо ҳазор сол як бор, бар тӯдае бузург аз ҳезум бол мекушояд ва овоз мехонд ва чун аз овози хеш ба ваҷд ва иштиёқ омад, ба минқори хеш оташи меафрӯзад ва бо сӯхтан дар оташ тухме аз вай падид меояд, ки билофосила оташ мегирад ва месӯзад ва аз хокистари он қуқнӯсе дигар мутаваллид мешавад. Қуқнӯс дар бисёре фарҳангҳо намоди ҷовидонагӣ ва умри дигарбор талаққӣ шудааст. Аммо бархе фарҳангҳо вежагиҳои дигар ҳам ба ӯ нисбат додаанд.

Гарчӣ қуқнӯс дар асотири милали осиёӣ ҳамчун Чин ва Эрон ҷойгоҳи вежае дорад, аммо бархе муътақиданд, ки устураи қуқнӯс аз Мисри Бостон бархоста, ба Юнон ва Рум рафта, ва ҳам су бо боварҳои масеҳият шох ва барг бештаре ёфтааст.

Аллома Деҳхудо дар тавсифи қуқнӯс навиштааст: Гӯянд қуқнӯс ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигузарад ва умраш ба охир ояд ҳезуми бисёре ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол барҳам занад чунонки оташе аз бол ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум афтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овоз ӯ дарёфтаанд[2].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи «қуқнӯс» арабишудаи «kuknos»-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: Κύκνος аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати Cycnus ва Cygnus даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнӯс ба маънои «қӯ» аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ Cygnus мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари «мокиён»-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро «дуҷоҷа» ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд)[3].

Гӯё вожаи Kuknos-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии *keuk ба маънои «сапед будан» аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қақнӯс чист? Маънои вожаи қақнӯс(тоҷ.). vazhaju.com. - Вожаҷӯ. 17 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2020.
  2. Луғатномаи Деҳхудо. Маънои қуқнӯс(форсӣ). www.vajehyab.com. Вожаёб. 17 августи 2018 санҷида шуд.
  3. Вожашиносӣ: қақнӯсу анқо ва қӯ(тоҷ.), Порсӣ анҷуман (8 май 2014). Проверено 17 августи 2018.