Ҳавзак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳавзак — дар маркази боми чойхонаи бино ҷойгир шуда, ҳақиқатан ҳам ҳусну заковати ба худ аҷибе дорад ва диққати бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб менамояд. Ҳавзак шакли аҳромро дошта, дар поён васеъгиаш 2,6 метр мебошад, торафт ба шифти хона танг шуда меравад. Вай шакли хашткунча дорад. Ҳавзак ҳам аз араки, новааракй, хошияҳои аррадандона, муҳраҳои шохмот ва ғайра иборат аст. Қисми таркибии мураккаб ва дар айни ҳол нозуку зебои хавзак 87-то буда, дар дохили ҳар яке найши меҳроб тасвир ёфтааст. Охирин кулоҳи ҳавзак ҳамчун маркази ситораи панчкунчаи сурх акс ёфтааст. Ороиши беҳамтои ҳавзак нозукиҳои санъати меъморӣ ва кандакории дохили он, шаклҳои такрорнашавандаи геометрй, чо ба чо гузории элементҳо, рангу бор ва дигар дурдонаҳои бебаҳои кубба бори дигар аз махорати баланди устогӣ, гулдастй, кобилияти фавкулоддаи меъморӣ ва меҳнатдустии усто Раҳимбой Довудов ва ҳамкасбонаш Абдуғафур Юнусов, Абдулатиф Сатторов шаҳодат медиҳанд.

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]