Ҳавотозакунӣ
Зоҳир
Ҳавотозакунӣ (бо забонҳои русӣ вентиляция, лотинӣ ventilatio — ҳавотозакунӣ) — раванди тозакардани ҳавои ғализ аз даруни иншоот ва иваз намудани он ба ҳавои тоза. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳавои дохили иншоотҳоро тавассути таҷҳизотҳои махсус; салқинкардан, хунуккардан, филтркардан, гарм кардан, намноккардан, хушккардан ва ионизатсиякардан мумкин аст.
- Ҳавотозакунӣ талаботи санитарию-гигиенӣ буда (ҳарорат, намнокӣ, суръати ҳаракати ҳаво ва тозагии ҳаво), тозагии боду ҳавои дохили иншоотҳо, ки муфид барои саломатии инсон мебошанд ва талаботҳои санитарии равандҳои технологӣ, конструксияи сохтмонии биноҳо, технологияи нигоҳубинро таъмин менамояд.
- Инчунин вожаи ҳавотозакунӣ-ро дар техника, мисли системаҳои барои хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ ва боддеҳӣ фаҳмида мешавад.
- Дар корхонаҳои саноати истеҳсолот, кормандеро, ки ба таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ сару кор мегирад, ҳамчун боддеҳ ё челонгар — боддеҳ мегӯянд.