Jump to content

Ҳайратии Тунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайратии Тунӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Фаридуддини Муҳаммад Тунӣ, маъруф ба Ҳайратии Тунӣ (форсӣ: حیرتی تونی‎; зод. Фирдавс) — шоири форс-тоҷик

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи зодгоҳи Ҳайратӣ ихтилофи зиёде вуҷуд дорад ва аз Тун, Бухоро, Марв ва Кошон ба унвони зодгоҳи вай ном бурдаанд. Алишир Навоӣ ӯро аз Тун медонад, ки дар Марв зиндагӣ кардааст ва ба Ҳайрати Марвӣ машҳур шудааст.

Ӯ ҳамаср бо Шоҳ Таҳмосби Сафавӣ буд. Ҳайратӣ муддате мулозими Шоҳ Таҳмосб буд ва қасоиде дар бораи ӯ сурудааст. Вай дорои ғазалҳои латиф ва дилкаш аст ва дар бораи аҳли байти Паёмбари Ислом, ашъори зиёде сурудааст. Лутфи табъи ӯ ва зӯқи ғазалсароиашро дар чанд байти шеър метавон қиёс кард:

Намунаи шеър:

Гаҳ дил аз ишқи бутон гаҳ ҷигарам месӯзад,
Ишқ ҳар лаҳза ба доғи дигарам месӯзад.
Ҳамчу парвона ба шамъе сару кор аст маро,
Ки агар пеш равам болу парам месӯзад.
Ман зи худ бехабару оташи ҳиҷрон дар дил,
Раҳ, ки ин шӯъла шаб бехабарам месӯзад.

Соммирзои Сафавӣ аз муосирони Ҳайрати Тонӣ дар китоби худ «Туҳфаи Сомӣ» менависад: «Мулло Ҳайратӣ марде зебо ва хушгузарон ва ҳамеша қаландарона мезиста. Вай дар ҳама боб шеър гуфта, аммо дар манқабат бисёр кӯшидааст. Дар авоили ҷавонӣ бисёр лоаболӣ ва беиқид буд ва аҳоҷӣ байни ӯ ва Ваҳиди Қумӣ машҳур аст.» Ҳайратӣ дар ҳолати мастӣ ба соли 961 ҳиҷрии қамарӣ аз боми манзиле дар Кошон афтод ва дида аз ҷаҳон фурӯ баст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • جوادی، حسین، مشاهیر تون، انتشارات همیاران جوان، ۱۳۸۵