Ҳакамияти меҳнатӣ
Ҳакамияти меҳнатӣ — агар дар комиссияи оштидиҳй тарафҳои баҳси (низои) кории коллективй дар давоми даҳ рӯз ба созиш наоянд, бо иштироки ҳукумати ноҳия ё шаҳр Ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати Ҳакамияти меҳнатӣ ро аз рӯи ҳар баҳс (низоъ) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси Ҳакамияти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумлаи аъзои ҳамин Ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати Ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомот оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд. Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси кории коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунанд. Ҳакамияти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис ёфтанаш дар хусуси баҳси меҳнатӣ қарори дахлдор кабул намояд. Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори Ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст. Тарафҳо ва мақомоти опггидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои) кории коллективй гаштаанд, тамоми имкониятро истифода намоянд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 505