Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳаким Майсарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳаким Майсарӣ

Ҳаким Майсарӣ (форсӣ: حکیم میسری‎; 948 — қарни Х) — шоир ва табиби форс-тоҷик дар замони Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҳаёту фаъолияти Ҳаким Майсарӣ ахбори ночизе боқӣ мондааст. Дар яго на рисолаи то даврони мо маҳфузмондаи ӯ — «Донишнома» ба қайд омадааст. Зоҳиран, Ҳаким Майсарӣ аз мардуми Хуросон будааст. Инро метавон аз услуби баён ва луғоту таркиботи хоси гӯиши Хуросон, ки дар «Донишнома» омадааст, пай бурд. Ҳаким Майсарӣ табибе муҷарраб буда, дар муолиҷаи беморон ва таркиб кардану озмудани доруҳо бисёр ранҷ бурдааст. Ҳаким Майсарӣ аз нахустшоиронест, ки андешаҳои илмиро дар қолаби шеър баён кардааст.

  • Ҳаким Майсарӣ / А. Ҳасанов // Донишномаи Сомониён ҷ. 2. — Х. : Нури маърифат, 2009
  • درباره دانشنامه میسری، نوشته جلال متینی، مجله جستارهای ادبی (دانشکده ادبیات و علوم انسانی دانشگاه فردوسی مشهد)» پاییز ۱۳۵۱ - شماره ۳۱