Jump to content

Ҳаким Муҳаммад Шарифхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳаким Муҳаммад Шарифхон
Таърихи таваллуд 1722
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1807
Кишвар

Ҳаким Муҳаммад Шарифхони Деҳлавӣ (форсӣ: حکیم محمد شریف خان‎; 1722, Деҳлӣ1807) — пизишки форс-тоҷики Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳиндустон ҳаёт ба сар бурда, дар замони ҳокимияти Шоҳи Олами 2 (1759—1806) ба пояи баланди шӯҳрати табибӣ расидааст. Ба лақаби «Ашрафу-л-ҳукамо» низ машҳур буд. Ҳаким Муҳаммад Шарифхон яке аз аввалин табибони тоҷик аст, ки тибби қадимаи ҳиндии Аюрведаро аз назари тибби исломӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор додааст. ӯ соҳиби таълифоти зиёд мебошад, аз ҷумла: «Илоҷу-л-амроз», «Таълифи шарифӣ», «Аҷалаи нофиа», «Ҳошияи „Нафисӣ“», «Туҳфаи оламшоҳӣ», «Шарҳи ҳуммаёти „ал-Қонун“»-и Ибни Сино, «Сифри латиф» ва ғайра.

  • Verma, R. J., «Greco-arabic medicine in Medieval Indiaits hakims and hospitals» — from «Hamdard medicus», vol. 22, 1977.