Ҳанзалаи Бодғисӣ
Ҳанзалаи Бодғисӣ | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 834 |
Кишвар | |
Пеша | шоир |
Ҳанзалаи Бодғисӣ (форсӣ: حنظله بادغیسی) аз шоирони садаи X мебошад.
Зиндагинома ва мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Соҳибони китоби адаб ва тароҷим ӯро аз муосирони давлати Оли Тоҳир шумурдаанд.Ҳанзалаи Бодғисиро Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобулалбоб», Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» аз ҷумлаи шоирони замони Тоҳириён (820-873) донистаанд. Ризоқулихони Ҳидоят соли вафоти Ҳанзаларо 219 ҳиҷрӣ (834 милодӣ) зикр кардааст. Муҳаммад Авфӣ ин ду байтро аз ҷумлаи ашъори ин шоир медонад:
- Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
- Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд,
- Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
- Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.
Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ду байти зеринро чун намунаи шеъри Ҳанзалаи Бодғисӣ овардааст:
- Меҳтарӣ гар ба коми шер - дар аст,
- Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
- Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
- Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.
Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
- Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд,
- Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
- Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.
- Меҳтарӣ гар ба коми шер - дар аст,
- Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
- Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
- Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
1.Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.1, с.179-180
2.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.Душанбе-2007