Ҳаракати Монавия
Ҳаракати Монавия. Сарфи назар аз пешрафти хоҷагӣ дар нимаи дуюмн асри III аҳволи кишоварзони эронӣ дар Давлати Сосониён хеле вазнин буд. Ба онҳо лозим меомад, ки ба давлат андозҳои гуногуни зиёд бидиҳанд. Ба ин аҳвол гирифтор шудани кишоварзон бо гуноҳи амалдорон низ ба амал меомад. Онҳо бо ҳар роҳу восита аз кишоварзон андози зиёд меситониданд. Аҳли меҳнат аз вазъи вазнини худ норозӣ буд. Аз ҳамин сабаб дар мамлакат ҳаракати халқии зидди табақаҳои доро вусъат ёфт. Ба яке аз чунин ҳаракатҳо Монӣ ном шахс роҳбарӣ мекард. Монӣ аслан аз Байнаннаҳрайн буд. Ӯ бо дар назардошти таълимоти дини зардуштӣ дар бораи муборизаи зиддиҳамдигарии ду қувва - Ҳурмуз - нерӯи некхоҳ ва Аҳриман - нерӯи бадхоҳ, тартиботи мавҷудаи ҷомеаи Сосониёнро зери танқиди сахт гирифт. Монӣ дини давлатии зардуштия ва урфу одатҳои мавҷудаи барои халқ зарарнокро рад намуда, зидди боигарӣ ва коҳинони зардушгӣ баромад мекард. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки дар асоси динҳои зардуштияю буддоия дини наверо ба вуҷуд оварад, ки ба манфиати халқи заҳматкаш бошад. Монӣ мардумро ба муборизаи фаъолонаи зидди табақаҳои доро даъват намекард. Ӯ бар он ақида буд, ки инсон бояд аз зиндагии бошукӯҳ даст кашида, хоксорона умр ба сар барад, аз пайи андӯхти сарвату мол нашавад ва дар ин роҳ пуртоқат бошад. Маҳз ба ҳамин восита кас ба мақсадҳои хеш ноил шуда метавонад. Монӣ ба мақсадаш расида натавонист. Бо амри шоҳ ӯро ба зиндон партофта, соли 276 қатл карданд. Ин қатл холе ваҳшиёна буд. Баҳроми I фармуд, ки аз тани Монии зинда пӯсташро кананд.