Ҳизби сиёсӣ
Ҳизби сиёсӣ — чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.[1]
Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» соли 1998 дар бораи таъсиси ҳизби сиёсӣ чунин навишта шудааст:
Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумхуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд.
- Ҳизбҳои сиёси аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеч як иҷозат дар ан ҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.
- Ҳизби сиёсӣ барои аз қайди давлатӣ гузаштан руйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд.
- Ҳизб аз р ӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.
- Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан ҳизби сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.
- Дар бораи шаҳр, ноҳия ва таърихи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар воситаи ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анчумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад.
- Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст.[2]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ https://hamsafon.tj/13-1178onuni-1206um1203urii-to1207ikiston-dar-borai-1203izb1203oi-sies1251.html#(пайванди дастнорас) ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 22, мод. 300 Моддаи 2. Ҳизби сиёсӣ)
- ↑ https://hamsafon.tj/13-1178onuni-1206um1203urii-to1207ikiston-dar-borai-1203izb1203oi-sies1251.html#(пайванди дастнорас) ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 22, мод. 300 Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ)