Jump to content

Абдуғаффор Ҳикматуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳикматуллозода Абдуғаффор)
Ҳикматуллозода Абдуғаффор
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ  Тоҷикистон
аз 11 январи 2023
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Исматзода Азизулло Убайдулло

Таваллуд 17 апрел 1975(1975-04-17) (49 сол)

Ҳикматуллозода Абдуғаффор — ходими давлатии тоҷик. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ (аз 2023).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

17 апрели соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.

Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Аз соли 1998 — Коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе.

Аз соли 2000 — Ёдамчии прокурори ноҳияи Фрунзе шаҳри Душанбе.

Аз соли 2002 — Ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе.

Аз соли 2003 — Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе оид ба кадрҳо.

А соли  2004 — Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ.

Аз 07. 2004 — Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёти Прокуратураи генералӣ.

Аз соли 2009 — Муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсияи Прокуратураи генералӣ.

Аз соли 2010 — Прокурори ноҳияи Балҷувон.

Аз соли 2012 — Прокурори ноҳияи Данғара.

Аз соли 2017 — Муовини прокурори вилояти Суғд.

Аз марти соли 2020 то 11 январи 2023 — Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 11 январи 2023 — Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ[1].

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3[2].

  1. Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 15 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
  2. Super User. Муовини якуми Прокурори генералӣ (tj-tj). Генеральная прокуратура Республики Таджикистан. 15 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2023.