Ҳимоячии ҷамъиятӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳимоячии ҷамъиятӣ — субъекти мурофиаи ҷиноятист. Ҳимоячии ҷамъиятӣ намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ ва ё коллективи меҳнатиесг, ки дар ҷаласаи судии муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ барои ба амал баровардани функсияи мурофиавии ҳимоя бо таъйиноти суд иҷозат дода шудаасг. Ҳимоятгари ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад далел пешниҳод кунад, дар тадқиқи далелҳо иштирок намояд, аз суд дарҳост кунад, дар музокироти судӣ иштирок намояд, ба суд оид ба ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарӣ ва ё сафедкунандаи судшаванда ақида пешниҳод намояд. Судшаванда ҳуқуқи даст кашидан аз ҳимоячии ҷамъиятиро надорад, зеро вай ҳимоячии ҷамъиятиро таклиф накардааст. Ҳимоячии ҷамъиятӣ иродаи коллективро ифода намуда, мавқеи онҳоро баён менамояд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 509