Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ
Таърихи таваллуд: | 1245 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1328 |
Навъи фаъолият: | олим |
Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ (форсӣ: هندوشاه نخجوانی; 1245, Kharabagilan[d], Ноҳияи Ордубад — 1328) — муншӣ, нависанда, луғатнавис ва донишманди форс-тоҷик..
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллоҳи вазир — Ғиёсуддини Рашиди муншӣ буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356—1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастулу-л-котиб фӣ таъйини-л-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. Ин асар дар равшан сохтани масъалаҳои таърих, иқтисодиёт, сиёсату маданияти мамолики Шарқи Наздики асрҳои 13—14 сарчашмаи пурқимат аст. Онро муаррихи шӯравӣ А. А. Ализода дар ду ҷузъ (ҷ. 1, 1962; ҷ. 2, 1973) дар Маскав ба табъ расонидааст
Муҳаммад аз ҷумлаи нахустин луғатнависони форс-тоҷик (баъди Қатрони Табрезӣ ва Асадии Тӯсӣ) буда, дар таърихи илму адаби форс-тоҷик бо тасвифи фарҳангҳои «Сиҳоҳу-л-фурс» ва «Сиҳоҳу-л-аҷам» шӯҳрат дорад. «Сиҳоҳу-л-фурс» соли 1962 дар Теҳрон ба табъ расидааст. «Сиҳоҳу-л-Аҷам» луғати форсӣ-арабӣ-туркӣ буда, аз он нусхаҳои дастнавис боқӣ мондааст. Фарҳанг очерки грамматикии ин забонҳоро низ дар бар гирифтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ / С. Имронов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).