Ҳомидҷон Орифов
Ҳомидҷон Орифов | |
|---|---|
| Ҳомидҷон Обидович Орифов | |
| Таърихи таваллуд | 16 апрел 1938 (87 сол) |
| Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | геофизика |
| Ҷойҳои кор | Институти сохтмони ба зилзла тобовар ва зилзилашиносӣ АИ Тоҷикистон, Институти сохтмони ба зилзла тобовар ва зилзилашиносӣ АИ Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ, |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
| Алма-матер | Институти маъданшиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) |
Ҳомидҷон Обидович Орифов – олим, номзади илмҳои геология (1990). Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (аз соли 1988), котитиби Кумтаи миллии Комиссияи байналмилалии Олмон оид ба сарбандҳои Тоҷикистон – Taj COLD (аз с. 2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳомидҷон Обидович Орифов факултети геофизикаи Институти маъданшиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург (ФР)-ро хатм кардааст (1971). Корманди Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1971-1975), мудир (1975-2000), сардори шуъбаи озмоишгоҳи тадқиқотии комплексии геофизика ва кофтукови Шуъбаи тадқиқоти илмии энергетикаи Тоҷикистон Академияи илмҳои Тоҷикистон (2000-2009). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмии тароҳии пажӯҳишгоҳи “Нурофар” (2009), сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2010). Аз соли 2010 сардори Ширкати саҳҳомии кушодаи Холдингии «Барқи Тоҷик" буд. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ доир ба зилзилашиносӣ, сохтмони сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқии оби Тоҷикистон.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, – с. 100.