Jump to content

Ҳочико

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳочико (ҷопонии ハチ公 - Ҳочико) — як саги ҷопонии нари сафедранг аз нажоди окито буд, ки дар наздикии Авдота, Окито дар Ҷопон ба дунё омад. Зиндагии ин саг ва иртиботи самимона ӯ бо соҳибаш Ҳидэсабуро Ауно ва вафодории беҳаддаш ба ӯ боис шуд, то ба унвони устура ва рамзи вафодорӣ дар Ҷопон шинохта шавад.

Ҳочико ёздаҳуми ноябри соли 1923, дар Авдотаи Ҷопон мутаваллид шуд. Дар ҳамон замон, Ҳидсобуру Ауну, устоди бахши кишоварзии Донишгоҳи императории Токио (Донишгоҳи Токиои кунунӣ) ба думболи як саги окито аз нажоди холис барои худ буд. Яке аз шогирдони ӯ, ки дар Окито кор мекард, ин сагро ба унвони ҳадия барои қадрдонӣ аз заҳамоти ӯ фиристод [1]. Қимати як саги окито дар он замон ҳудуди 30 ян (маблағи қобили таваҷҷуҳе дар он замон) буд. Дар январ сол 1924, саг бо қатора назди устод Ауну фиристода шуд . Ауну, ки фарзанде надошт, сагро гиромӣ дошт ва ба ӯ иҷоза медод зери тахташ бихобад ва ҳатто бо ӯ ғизо бихӯрад. Ӯ номи сагро «Ҳочӣ» гузошт. Зеро дар ҳангоми истодан, поҳои пеши ӯ шакли ҳарфи конҷии «ҳочӣ» (八)-ро месохт, ки дар забони ҷопонӣ ба маънои «ҳашт» аст. Молики ҳочико устоди донишгоҳ буд, ки барои рафтан ба маҳалли кор савори қатора мешуд. Ҳочико одат карда буд, ки ҳар рӯз сари соат дар истгоҳи қатора мунтазири соҳибаш бимонад ва аз ӯ истиқбол кунад. Аз рӯзе, ки Ҳуно дар маҳалли кораш даргузашт ва ба хона бознагашт, ҳочико ҳар рӯз ҳамон соат ба истгоҳ мерафт ва мунтазири бозгашт вай мешуд. Ӯ ин корро ба муддати 9 солу 9 моҳу 15 рӯз анҷом дод. Пас аз муддате ӯ табдил ба қаҳрамони мардуми маҳаллӣ шуд. Ҳочико дар ҳаштуми марти 1935 дар синни 11-солагӣ даргузашт ва дар хиёбоне дар минтақа шибуё пайдо шуд. Ҷасади Ҳочико пас аз марг ба Музаеи миллии Токио таҳвил дода шуд. Дар Токио ва дар истгоҳи қатора Шибуё, ки ҳочико ҳар рӯз ба интизори соҳибаш Ауну меистод, муҷассамаи ёдбуде бино гардид.

Қабри Ҳочико дар қабристони Аояма, Минато-ку Уорд, Токио
  • Грейфриарс Бобби
  • Муҷассамаи вафодорӣ
  1. 日本放送協会. 生誕100年 ハチ公 忠犬の魅力と真実 なぜ渋谷駅で待ち続けたのか? | NHK(ҷоп.). NHK首都圏ナビ (3 феврали 2023). 19 августи 2024 санҷида шуд.
  • Ошибка: не задан параметр |заглавие= в шаблоне {{публикация}} // Ошибка: не задан параметр |издание= в шаблоне {{публикация}}.