Jump to content

Ҳошим Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳошим Қосимов
Таърихи таваллуд 13 сентябр 1907(1907-09-13)
Зодгоҳ деҳаи Сирдара, Бекигарии Дарвоз
Таърихи даргузашт 23 сентябр 1969(1969-09-23) (62 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Москва
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960)

Ҳошим Қосимов (13 сентябри 1907, деҳаи Сирдара, Бекигарии Дарвоз — 23 сентябри 1969, ноҳияи Москва) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1929 бо хонаводааш ба Тоҷикистон гузашта, дар деҳаи Нимдараи Даштиҷум сукунат ихтиёр мекунанд. ӯ дар хонаи маданияти ин ҷо то соли 1958 кор карда, ба хоҷагии «Ҷубек»-и ноҳияи Москва мекучад ва то поёни умр зистааст. Асосан бо дутор таронаҳои халқӣ месуруд, аз осори шоирони муосир низ намунаҳои зиёд замзама кардааст. Мутаасифона, бо овозаш ягон суруд ба лента сабт нашудааст, вале таронаҳои ҷудогонааш — «Гул мекунад», «Ошиқи бечораам», «Дар як ҷо», «Ҷигӣ-ҷигӣ», «Гул ба фасли баҳор мезебад», «Дил бурдӣ аз ман» аз даҳан ба даҳан гузашта, имрӯз аз сӯи сарояндагони касбию ҳаваскор садо медиҳанд.

Фарзандонаш Одина Ҳошим ва Абдулхайр Ҳошимов ҳунари падарро такмил додаанд.

Бо Грамотаи Фахрии Президуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.