Jump to content

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоил Пирмуҳаммадзода
Исмоил Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1 июл 1952(1952-07-01) (72 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Сарихосор
Таърихи даргузашт 18 май 2022(2022-05-18)

Исмоил Абдуллоев (ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода; 1 июли 1952, деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор — 18 майи 2022[1], Тоҷикистон) — наттоқ ва ровии моҳир, имом-хатиб. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тилоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ", «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад мебошад.

Исмоил Пирмуҳаммадзода маслиҳатгар ва раҳнамои мардум аст, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекунад.

Исмоил Пирмуҳаммадзода ба асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ мухлис аст. 21.03.2009 аспи сиёҳмушкинаш дар мусобиқаи аспдавонии ш. Душанбе соҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд.

  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) ,
  • Ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010),
  • Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012),
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012),
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012)[2].
  1. Даргузашти рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 18 май 2022 санҷида шуд.
  2. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 78