Ҳуго Леон Феррер
исп. Hugo León Ferrer | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ҳуго Фернандо Хосе Исмоил Леон Феррер |
Таърихи таваллуд: | 10 декабр 1955 (68 сол) |
Зодгоҳ: | Кибдо, Колумбия |
Шаҳрвандӣ: | Колумбия |
Касб: | продюсер |
IMDb: | ID 1021462 |
Ҳуго Фернандо Хосе Исмоил Леон Феррер (исп. Hugo Fernando José Ismael León Ferrer, тав. 10 декабри соли 1955, Кибдо, Колумбия) — продюсери колумбӣ, ки беҳтарин корҳояш дар Telemundo ва RTI Colombia маъруф аст. Вай собиқ ноиби президенти истеҳсолоти RTI мебошад. Лоиҳаҳои беҳтарини таҳиянамудаи ӯ La Viuda de Blanco, Pasión de Gavilanes, La Tormenta, Sin Vergüenza, Zorro y Madre Luna мебошанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Волидони ӯ: падар Ҳуго Алберто Леон Гутиерес рассом, модар Кончита Феррер Мелук сароянда буданд. Аз ин рӯ, Ҳуго Леон Феррер, ба монанди панҷ бародари худ, қобилияти санъатро ба мерос гирифтааст. Аммо вақте ки боқимондаи бародарон ҳамчун навозанда ташаккул ёфтанд, ӯ то ба камол расиданаш ба эҷодиёти худ озодӣ надод.
Ҳуго Леон Феррер 10 декабри соли 1955, дар Кибдо, Колумбия таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуд. Пас аз ҳафт соли таҳсил ӯ соҳиби дипломи муҳандисӣ гардид.
Вай ба кор дар шабакаи телевизионии Inravisión шурӯъ кард. Дар он ҷо ӯ бо Пилар, зани ҳаёти худ вохӯрд. Онҳо соли 1981 издивоҷ карданд ва пас аз ду сол духтаре бо номи Наталя Пилар ба дунё омад.
Ба туфайли кори хубаш, Ҳуго Леон Феррер ба зудӣ директори шабака таъин шуд. Аммо, ӯ дар ин вазифа муддати тӯлонӣ кор накард, зеро Патрисио Уилс аллакай диққати ӯро ба худ ҷалб карда, пешниҳод кард, ки дар студияи RTI кор кунад. Соли 1988 Ҳуго шартнома баст, онҳо шарик шуданд ва ба таҳияи теленовелаҳо шурӯъ карданд. Дар ин ҷо вай диққати ҳақиқии худро ёфт.
Дар соли 1990, фарзанди дуюми онҳо бо ҳамсараш таваллуд шуд - писарашон Ҳуго Матео. Ҳуго Леон Феррер бо фарзандони худ ифтихор дорад ва худро ҳамчун як шахси хушбахт эҳсос мекунад, зеро ӯ айни замон кори дӯстдоштаашро мекунад.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Продюсери иҷроия - R.T.I. Producciones
[вироиш | вироиши манбаъ]- La viuda negra (2016) .... Televisa ва Univisión
- La esquina del diablo (2015) .... Televisa ва Univisión
- El chivo (2014) .... Televisa ва Univisión
- ¿Quién mató a Patricia Soler? (2014) .... MundoFox ва RCN Televisión
- La viuda negra (2014) .... Univisión, Televisa ва Caracol Televisión
- La virgen de la calle (2013-2014) .... Televisa y RCTV Internacional
- La Madame (2013) .... Televisa ва Univisión
- Tres Caínes (2013) .... RCN Televisión
- Las Bandidas (2013) .... Televisa, Televen ва RCTV International
- ¿Quién eres tú? (2012-2013) .... Televisa ва Univisión
Продюсери иҷроия - R.T.I. Producciones барои Telemundo
[вироиш | вироиши манбаъ]- Flor salvaje (2011-2012)
- La reina del sur (2011)
- Los herederos del Monte (2011)
Продюсери иҷроия - R.T.I. Colombia баром Telemundo
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ojo por ojo (2010-2011)
- La diosa coronada (2010)
- El clon (Ҳамсон) (2010)
- Bella calamidades (Тилисми зебо) (2009-2010)
- Victorinos (2009-2010)
- Niños ricos, pobres padres (2009)
- Doña Bárbara (Доня Барбара) (2008-2009)
- Sin senos no hay paraíso (2008-2009)
- La traición (Товон) (2008)
- Victoria (Виктория) (2007-2008)
- Madre luna (2007)
- Sin vergüenza (2007)
- Zorro: la espada y la rosa (2007)
- Amores de mercado (2006)
- La tormenta (2005-2006)
- La mujer en el espejo (2004-2005)
- Te voy a enseñar a querer (2004-2005)
Продюсери иҷроия - R.T.I. Colombia барои Telemundo ва Caracol Televisión
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pasión de gavilanes (2003-2004)
- La venganza (2002-2003)
- Mi pequeña mamá (2002)
- Luzbel está de visita (2001)
- Amantes del desierto (2001)
Продюсери иҷроия - R.T.I. Colombia барои Caracol Televisión
[вироиш | вироиши манбаъ]- Rauzán (2000)
- La caponera (1999-2000)
Продюсери иҷроия - R.T.I. Colombia барои Canal A
[вироиш | вироиши манбаъ]- Divorciada (1999)
- La sombra del arco iris (1998)
- Yo amo a Paquita Gallego (1997-1999)
Продюсери иҷроия - R.T.I. Colombia барои Canal Uno
[вироиш | вироиши манбаъ]- La mujer en el espejo (1997)
- Dos mujeres (1997)
- La viuda de Blanco (1996-1997)
- María Bonita (1995)
- Las aguas mansas (1994-1995)
- Dulce ave negra (1993-1994)
- En cuerpo ajeno (1992-1993)