Jump to content

Ҳумоюн Хуррам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳумоюни Хуррам)
Ҳумоюн Хуррам
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 30 июн 1930(1930-06-30)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 январ 2013(2013-01-17) (82 сол)
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз скрипка

Амир Ҳумоюни Хуррам (форсӣ: امیر همایون خرم‎; 30 июн 1930, Бӯшиҳр17 январ 2013) — навозандаи виюлун, мусиқидону оҳангсози аҳли Эрон. Ӯ яке аз аъзои Шӯрои олии хонаи мусиқии Эрон буд[1].

Ҳумоюн Хуррам аз бузургтарин оҳангсозони эронӣ ва холиқи мусиқиҳои беназире мисли «Ғавғои ситорагон», «Афсонаи ширин», «Расвои замона», «Ту эй парӣ куҷоӣ», «Овои хастадилон», «Шаҳзодаи рӯъё», «Пайки саҳарӣ», «Тоқатам деҳ» («Соғарам шикастаӣ соқӣ»), «Зи кӯи балокашон» ва даҳҳо асари ҷовидонаи дигар асту таъсири зиёде дар мусиқи эронӣ доштааст. Вай бо хонандагони саршиноси замонаи худ аз ҷумлаи Марзия, Илоҳа, Дилкаш, Ҳусайни Қаввомӣ, Маҳастӣ, Ҳойида, Шаҷариён ва дигар хонандагони бузург ҳамкорӣ дошт ба тавре ки Парвин аз хонандагони инҳисории таронаҳои Хeррам мeҳсуб мешуд.