Ҳуқуқи иштирок кардан дар идораи корҳои давлатӣ
Ҳуқуқи иштирок кардан дар идораи корҳои давлатӣ — мувофиқи Конститутсияи ҶТ ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ба воситаи вакилонаш иштирок намояд (моддаи 27). Шарти муҳими соҳиб шудан ба ин ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи онҳо синну сол, аҳволи саломатӣ ва баъзе ҳолатҳои дигар мебошад. Шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат дар шаклҳои гуногун иштирок менамояд. Ин шаклҳо аз меъёрҳои консгитутсионӣ, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ бармеоянд. Онҳо ба шаҳрванд ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мансаби Президенти ҶТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ ва дигар мақомоти интихобй, иштирок кардан дар раъйпурсии миллӣ ва маҳаллй, дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳо ва қарорҳои аҳамияти миллӣ ва маҳаллӣ дошта, дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ ва дар ҷои истиқомат ва ғайраро таъмин менамоянд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 524