Ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ – ин раванди танзими фаъолияти мақомоти иҷроия (шахсони мансабдор) ба воситаи меъёрҳои мурофиавӣ-маъмурӣ оид ба баррасӣ ва дида баромадани намудҳои гуногуни парвандаҳои маъмурӣ мебошад, ки дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва тартиби татбиқи вазифа функсияи ҳокимияти иҷроияро ба вуҷуд меорад.

Мурофиаи маъмурӣ дар фаъолияти амалии мақомоти иҷроия якчанд шакли мушаххаси инъикоси худро дорад. Вобаста аз хислати парвандаи инфиродӣ мафҳуми мурофиаи маъмурӣ ташаккул меёбад. Масалан, тартиби ҳалли шикояти шаҳрванд, тартиби литсензиякунонӣ, тартиби татбиқи чораҳои маҷбурсозии маъмурӣ ва ғайра - ҳамаи ин намудҳои истеҳсолоти маъмурӣ ба ҳисоб мераванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 527