Ҳуқуқэҷодкунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқэҷодкунӣ — фаъолияти дар қонун пешбинишудаи субъектҳои ваколатдор оид ба эҷоди (офаридани) меъёрҳои ҳуқуқ мебошад. Ба ин субъектҳо халқ (дар раъйпурсӣ), мақомоти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва роҳбарони ташкилотҳо, ки ваколати меъёрэҷодкуниро доранд, дохил мешаванд.

Ҳуқуқэҷодкунӣ намудҳои зеринро дорад:

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақоми (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба он тобеъ ва ё бо ташаббуси худи ин ташкилотҳо таҳия карда мешаванд. Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси созишнома бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илиӣ, олимони алоҳида ё коллективҳои онҳо таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба онҳо супорад. Ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои демократӣ, қонуният, илиӣ, саривақтӣ, касбият, иҷрошавандагии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дигарҳо сурат мегирад.[1]

Дар Тоҷикистон ваколати ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатиро — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ/Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 535