Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Озодии иттилоот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳуқуқ ба ахбор)

Озодии иттилоот (ба англ. freedom of information) — озодии шахс ё афрод дар интишор ва масрафи иттилоот аст. Дастрасӣ ба иттилоот тавоноии як фард барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва интишори муассири иттилоот аст.

Тибқи меъёри конститусионӣ ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Ин ҳуқуқ дар Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муфассал нишон дода шудааст. Мувофиқи он ҳар кас ҳуқуқи доштани акида ва озодона ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани ҳар гуна ахбор ва ғояҳоро новобаста ба сарҳади давлатӣ, дар шаклҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё ба воситаи матбуот ё шаклҳои бадеӣ дорад[1].

Татбиқи ин ҳуқуқ ба уҳдаи кас вазифа ва масъулияти махсус мегузорад. Вобаста ба ин ҳуқуқ ба иттилоот бо баъзе маҳдудиятҳо алоқаманд аст, ки қонун муайян кардааст ва барои эҳтироми ҳуқуқ ва номи неки шахсони дигар, барои ҳифзи бехатарии давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ зарур аст[1].

Ҳуқуқи ҷомеа барои дастрасӣ ба иттилоот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Озодии иттилоот пеш аз ҳама ба озодии дастрасии шаҳрвандон ба ҳуҷҷатҳое дахл дорад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таҳия шудаанд. Ин ҳуқуқ танҳо дар нимаи дуюми асри 20 ҳамчун бунёдӣ эътироф ва дар қонун мустаҳкам карда шуд, ки аз қабули Қонун дар бораи озодии иттилоот дар Иёлоти Муттаҳида дар соли 1966 оғоз ёфт[2].

Ҳуқуқи мардум барои гирифтани иттилоот аз мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар конститутсияҳои бисёр кишварҳо дохил карда шудаанд ва умуман нишонаи ҳукумати кушода ҳисобида мешаванд. Татбиқи ҳуқуқи мардум барои гирифтани иттилоот бидуни механизмҳои махсус барои таъмини ин ҳуқуқ душвор буда метавонад; қонунҳо бо чунин механизмҳо дар беш аз навад кишвар қабул шудаанд[3]. Аммо, вобаста ба консепсияҳои гуногуни демократияи либералӣ, дарки гуногуни ҳадафҳои озодии иттилоот вуҷуд дорад.

Яке аз принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи мардум ба иттилоот ин гузоштани бори исбот ба дӯши тарафе мебошад, ки вазифадор аст иттилоотро пешниҳод кунад. Ин маънои онро дорад, ки шахси дархосткунандаи иттилоот маҷбур нест, ки сабабҳои дархостро пешниҳод кунад, аммо бояд сабаби пешниҳод накардани иттилоотро нишон дода шавад. Қонунҳо дар бораи озодии иттилоот одатан ба тиҷорати хусусӣ пурра татбиқ намешаванд ва вақте ки баъзе функсияҳр аз давлат ба ширкатҳои хусусӣ интиқол дода мешаванд, дастрасӣ ба маълумоти қаблан дастраси озод метавонад монеа шавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1 2 Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 515
  2. Доступ к официальной информации: сравнительный анализ. 26 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2023.
  3. Доступ к официальной информации: сравнительный анализ. 26 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2023.