Jump to content

Ҳуқуқ ба истифодабарии забони модарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқ ба истифодабарии забони модарӣ — аз ҳуқуқҳои инсон ба шумор рафта, барои инкишофи нерӯи ақлии инсон омили асосӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз забони модарии худ озодона истифода кунад, таълим гирад, омӯзад ва эҷод намояд. Инчунин бо забони модарии худ ба суд муроҷиат намояд ва дар мурофиаи судӣ аз он истифода барад. Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳамаи миллатҳо ва ҳалқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, ки аз забони модариашон озодона истифода кунанд.[1]


Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 516