Jump to content

Ҳуқуқ ба ном

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқ ба ном — ҳар як шахс ҳуқуқ дорад озодона номи худро интихоб намояд. Ҳуқуқ ба ном тибқи Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 яке аз ҳуқуқҳои инкорнашавандаи шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Тибқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ба воситан номи худ соҳибн ҳуқуқу вазифаҳо гардида, онҳоро амалӣ месозад. Бо тартиби муқарраркардаи қонун шахс ҳуқуқ дорад соҳиби тахаллус бошад, номи худро иваз кунад. Ивазшавии номи шаҳрванд асоси қатъ ва е тағйирёбии хуқуку вазифаҳои вай намегардад. Номе, ки шаҳрванд ҳангоми таваллуд ва ё ҳангоми ивазкунии ном гирифгааст, бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 518