Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ
Зоҳир
Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ – падидаи ҳуқуқи конститусионӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ паноҳгоҳи сиёсӣ ба воситаи одатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин Эъломия дар бораи паноҳгоҳи ҳудудӣ, ки Ассамблеяи Генералии СММ 14 декабри соли 1967 қабул кардааст, ба танзим дароварда мешавад. Тибқи банди сеюми моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҳориҷӣ, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, ҷумҳурӣ метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад. Паноҳгоҳи сиёсӣ ба шаҳрвандони ҳориҷие, ки аз рӯи ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, илмӣ, озодандешӣ ва амсоли инҳо гирифтори таъкибот мешаванд, дода мешаванд. Паноҳгоҳи сиёсӣ одатан аз тарафи сардори давлат дода мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 519