ҶДММ “Насими Вахш”
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насими Вахш” (ҶДММ “Насими Вахш”) — 15 декабри соли 2023 дар деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор гардид.
Корхонаи ҶДММ “Насими Вахш”, ки фаъолияташ ба самти нассоҷӣ ва дузандагӣ нигаронида шудааст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсуфзода сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар корхонаи “Насими Вахш” асосан ҷӯроб, либоси ягонаи мактабӣ ва дигар намуди либосҳои фармоишӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар коргоҳи нассоҷии корхона 250 дастгоҳи ҷӯроббофӣ, 15 дастгоҳи худкор ва 7 дастгоҳи тамғагузории истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.
Дар корхонаи “Насими Вахш” 180 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар бо васеъ намудани доираи фаъолият ин нишондиҳанда афзоиш дода мешавад. Корхонаи мазкур иқтидор дорад дар як сол 15 миллион ҷуфт ҷӯроби хушсифат истеҳсол намояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ифтитоҳи Корхонаи нассоҷӣ дар ноҳияи Вахш(тоҷ.). www.prezident.tj (15 Декабри 2023). 24 Декабри 2023 санҷида шуд.