Ҷамила Раҳмонова
Ҷамила Мирзоевна Раҳмонова | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | Қӯрғонтеппа |
Ҷамила Мирзоевна Раҳмонова 20 майи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент мебошад. Фаъолияти кориашро соли 1983 ба ҳайси лаборанти шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои лаборанти калон, методист, ассистент, мудири кафедра,ҷонишини декани факултети журналистикаи ҳамин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2012 инҷониб ҳамчун муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад. Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбари шуда буд[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон. 11 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.