Ҷессика Мэй

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷессика Мэй
тур. Jessica May
Таърихи таваллуд: 5 декабр 1993(1993-12-05) (30 сол)
Зодгоҳ: Паранасити, Бразилия
Шаҳрвандӣ:  Бразилия
 Туркия
Касб: ҳунарпеша, мудел
Корнома: 2017-то ҳол
Самт: синамо, телевизион
IMDb: ID 8904002
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷессика Мэй (тур. Jessica May, тав. 5 декабри соли 1993; Паранасити, Бразилия) — ҳунарпешаи синамо ва телевизиони бразилӣ ва турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷессика Мэй 5 декабри соли 1993 дар оилаи деҳқон ва муаллим ба дунё омадааст. Вай бародари хурдӣ дорад, ки ҳоло касби бойториро аз худ мекунад. Ҷессика тамоми кӯдакии худро бо оилааш дар хоҷагӣ гузаронидааст.

Вай аз хурдӣ орзу дошт, ки мудел шавад. Як сол пеш аз бабалоғатрасӣ, ба Туркия барои иҷро ба ширкати таблиғотӣ омад. Ин такон барои касби ояндаи муделии вай гардид. Духтарро барои таблиғи тамғаҳои гуногун даъват карданд. Бо шарофати кумаки менеҷер Алӣ Кинай, ӯ ҳунарпеша шуд. Волидон низ кӯшиш карданд, ки духтарашонро дастгирӣ кунанд.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷессика Мэй дар бахши биология таҳсил намудааст. Вай ҳангоми иштирок дар лоиҳаи силсилафилми "Арӯси нав", ки соли 2017 бароварда шудааст, таҳсилро дар донишгоҳ қатъ кард. Ҳунарпеша дар он нақши Белларо бозидааст. Барои Ҷессика ин нақш дебютӣ буд. Шарики ӯ дар ин силсилафилм ҳунарпеша Толга Мендӣ буд, ки бо ӯ дар як муддати кӯтоҳ забони муштарак пайдо карданд. Баъдтар вай дар филми Dert Bende (2019) нақши асосиро бозидааст.

Дар соли 2020, Ҷессика Марияро дар силсилафилми драмавии "Мария ва Мустафо" бозид. Нақши асосии мардона инчунин ба Ҳилмӣ Ҷем Интепе, ки нақши Мустафоро бозидааст, гузашт.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 1 июли соли 2018, ҳунарпеша бо аксбардор Ҳасан Кара дар издивоҷ мебошад. Маросими арӯсии ҷуфти ошиқ дар Бразилия баргузор шуд.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилафилмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номгӯй Нақш Шабака Шарҳҳо
2017-2018 Yeni Gelin Белла Бозтк Show TV Нақши асосӣ
2020 Maria ile Mustafa Мария Йилдирим Atv Нақши асосӣ[1]

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2019 Dert Bende Пелин Нақши асосӣ

Таблиғот[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Таблиғ
2016 Türk Hava Yolları[2]
2018-19 Özdilek[3]

Барномаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Барнома Нақш Шарҳҳо
2020 Çarkıfelek Худаш Yarışma Programı
2020 Gece Kafası Худаш Gece Programı
2019 Uykusuzlar Kulübü Худаш Gece Programı
2019 Muhabbet Kralı Худаш Gece Programı
2019 Cengiz Semercioğlu ile Bu Gece Худаш Gece Programı
2019 Eser Yenenler Show Худаш Show Programı
2019 Arda ile Omuz Omuza Худаш Yemek Programı
2019 Tam Senlik Худаш Kültür Programı
2018 Güldür Güldür Худаш Eğlence Programı[4]
2018 Demet Akbağ ile Çok Aramızda Шакарзода Şaka Programı
2018 Şule ile Vitrindekiler Худаш Sabah Programı[5]
2018 Mesut Yar ile Çok Aramızda Худаш Gece Programı[6]
2017 Şeffaf Oda Худаш Kültür Sanat Programı
2017 Beyaz Show Худаш Talk Show

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Маросим Ҷоиза Кор Натиҷа
2017 Altın Badem Awards Беҳтарин ҳунарпеша мазҳака Yeni Gelin Баранда
Moon Life Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизионии мазҳака Баранда
2018 23rd Golden Lens Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизионии мазҳака Баранда
2018 45th Golden Butterfly Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизионии мазҳака Номзад
2018 Istanbul University Gold 61 Awards Беҳтарин ҳунарпеша Баранда
2019 Okan University Bests of the Year Беҳтарин бозигари хориҷӣ Баранда
2019 5th Golden Palm Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизионии мазҳака Баранда

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]