Ҷуллоби Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷуллоби Бухороӣ
Кишвар
Пеша шоир

Ҷуллоби Бухорӣ (форсӣ: جلاب بخاری‎; ? — қарни Х) — шоири номдори форс-тоҷик дар аҳди Сомониён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷуллоби Бухороӣ низ эҳтимолан яке аз панҷ шоири номии Бухорост, ки Манучеҳрӣ аз онҳо ёд кардааст[1]. Саноӣ дар таркиббанди худ бо матлаи:

Эй Саноӣ, бигзар аз ҷон, дар паноҳи тан мабош,

Чун фаришта ёр дорӣ, ҷуфти Аҳриман мабош.

аз шоирони ҳамшаҳр ва ҳамзамон – Шокир ва Ҷуллоб дар радифи шоирони араб – Ахтал ва Аъшо чунин ёд мекунад:

Ахталу Аъшо дар он ҷониб шуда соҳибнафир,

Шокиру Ҷуллоб аз ин ҷониб шуда соҳибнафар.

Аз ашъори Ҷуллоби Бухороӣ танҳо 4 байти зерин дастрас шудааст:

Бурда дили ман ба дасти ишқ забун аст,

Сахт забуне, ки ҷону тан-ш рабун аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ҶУЛЛОБИ БУХОРОӢ. www.termcom.tj. 17 ноябри 2023 санҷида шуд.