Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ
Таърихи даргузашт: | 14 январ 1843 |
---|---|
Маҳалли даргузашт: |
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ (форсӣ: جنیدالله مخدوم حاذق; дарг. 14 январ 1843, Шаҳрисабз, Вилояти Қашқадарё) — пизишк ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар миёнаи солҳои 80-уми асри XVIII дар маҳаллаи Кархи Ҳирот ба дунё омадааст. Ҷунайдуллоҳ табъи баланду зеҳни бурро дошта, дар аввалҳои Хукмронии амир Ҳайдар (1800-1827) аз Ҳирот ба Бухоро омадааст. Ӯ дар мадраса яке аз беҳтарин толибилмон буда, осори адибони асримиёнагиро низ хеле дақиқ меомӯзад. Дар баробари ин Ҷунайдуллоҳ илми тибро ҳам хеле хуб омӯхта тахаллуси «Ҳозиқ»-ро аз ҳамин ҷиҳат интихоб менамояд. Ҳозиқ соли 1805 мадрасаро хатм мекунад ва дар мадрасаи Олӣ бо фармони амир Ҳайдар имом таъин карда мешавад. Дере нагузашта Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро ба дарбор даъват мекунанд[1].
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ҳозиқ осори пурарзише боқӣ мондааст. Он осор аз «Девони ғазалиёт» достони «Юсуф ва Зулайхо», рисолаҳои «Воқеоти исломӣ» ва «Таҳқиқу-л-қавоид» иборат мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ. Комрон.инфо. 19 июни 2024 санҷида шуд.