Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич
Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич | |
Таърихи таваллуд | 15 сентябр 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | рассом, ҳайкалтарош |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Директори Арт-галереяи «Сомониён»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Раиси бахши иттифоки Дизайнерони Тоҷикистон дар вилояти Суғд. |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи рассомӣ-театрии Тошканд ба номи А.Н.Островский (1989) |
Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич — рассом, ҳайкалтарош, Ҷоизаи Камоли Хуҷанди соли 1997, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, 2) унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон соли 2008, Созмони ҳамкории Шанхай бо диплому ифтихорнома соли 2013 бо медал ва соли 2018 бо медали тилло, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон дар вилояти Сугд, Ҷоизаи профессор Наим Ғаниевич аз тарафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Соли 2023 Шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардидааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич - профессори кафедраи санъати тасвирии факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров». 1962 дар шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи № 15 шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Аз соли 1978 то 1982 дар омузишгоҳи бадеии ҷумҳуриявии ба номи М. Олимови шаҳри Душанберо бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм намуда, соли 1983 то 1989 дар Институти рассоми- театрии шаҳри Тошканд бо роҳбарии Рассоми халкии Узбекистон В. Жмакин идома додааст. Аз соли 1989 то соли 1991 фаъолияти меҳнатиро дар фонди бадеии шаҳри Хуҷанд давом додааст. Аз соли 1991 то 1992 ба ҳайси саррасоми ҳукумати шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Аз соли 1992 то соли 1995 ҳамчун омузгори факултети рассомӣ-графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Аз соли 1993 то 1995 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров кор кардааст. Аз соли 1995 то соли 2001 дар вазифаи мудири кафедраи санъати тасвирии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият намудааст. Аз соли 2001 то соли 2012 вазифаи декани факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро ба уҳда дошт. Аз соли 2001 то 2016 дотсенти факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Аз соли 2016 то ин ҷониб дар вазифаи профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актери ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият мебарад. Аз соли 2003 инҷониб директори Арт-галереяи «Сомониён»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли ин солҳо, ӯ дар намоишгоҳҳои миллии Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Лаҳистон, Чин, Миср, Олмон ва Туркия ширкат варзидааст. Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич узви лоиҳаи байналмилалии бадеии "Стартер" дар Тоҷикистон (2006-2007).
- Иштирокчии Фестивали байналмилалии рассомони таҷрибавӣ 2008 "дар Збоншин, Полша (2008),
- Форуми сеюми байналмилалии бадеии "Гуфтугӯи кӯли Ғарб", Ханчжоу, августи 2009,
- 1-умин биеннали байналмилалии бадеии кишварҳои Созмони Ҳамкорихои Шанхай. Форуми 5-уми байналмилалӣ. 26 октябри соли 2013 бо медал мукофотонида шудааст.
- 2-умин Симпозиуми байналмилалии бадеии башарият аз Ханчжоу Биеннале, West West Laik, 2015.
- Симпозиуми XI байналмилалии бадеӣ оид ба санъати муосир "Елабуга Арк" дар мавзӯи "Муқаддасоти сурудҳои халқӣ" шаҳри Елабуга, Ҷумҳурии Тотористон Федератсияи Русия 20-29 июни соли 2016
- 3-умин Биеннале байналмилалии бадеии кишварҳои Созмони Ҳамкорихои Шанхай "Кашидани роҳи абрешим - таҳкими ҳиссиёти бародарона" ва 6-умин Форуми байналмилалии "Кӯли Си-Ху" дар моҳи сентябри соли 2016
- 4-умин Биеннали байналмилалии санъатии кишварҳои Созмони Ҳамкорихои Шанхай "Кашидани роҳи абрешим - таҳкими ҳиссиёти бародарона" ва 7-умин Форуми байналмилалии "Кашидани кӯли Си-Ху" моҳи октябри соли 2018. Бо медали тилло 15 октябри соли 2018 мукофотонида шуд
- Иштирокчии 8-уми байналмилалии биеннале 2019, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи рассомони Чин дар Пекин ташкил карда шудааст.
- Намоиши ду рассоми машхури Чин Чен Чиан ва рассоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич бо кашидани расми тоҷикдухтар дар давлати Чин.
- Саёҳати портретӣ, Намоишгоҳи туристии кишварҳои узви Созмони Ҳамкорихои Шанхай) -2020.
- Моҳи июли 2023 дар VI биенналии байналмиллалии санъати тасвирии Созмони Ҳамкорихои Шанхай ва форуми IХ оид ба санъати тасвирӣ таҳти унвони “Кӯли Сихуро мекашем” иштирок намудааст.
- Моҳи ноябри 2023 сол дар давлати Чин дар Намоишгоҳи асарҳои аз рангҳои равғании давлати Чин ва Осиёи Марказӣ офаридашуда иштирок намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷўраев Ғафур Ҳоҷиевич ба сифати рассом ва ҳайкалтароши мумтоз миёни аҳли ҳунар шинохта шуда, муҷассамаҳои сохтаи ў маҷмааи монументалии пайкараи Ҷаббор Расулов дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2004, Нақибхон Туғрали Аҳрори дар ноҳияи Айнӣ дар соли 2015, пайкараи Исмоили Сомонӣ ноҳияи Зафаробод дар соли 2016, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе дар соли 2017, муҷассамаҳои муттафакирони барҷастаи ду мамлакати бо ҳам дўст тоҷику ўзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар соли 2018 пардабардори шудааст , муҷассамаи “Дуои модар” дар фурудгоҳи байналмиллаии Хуҷанд дар соли 2021, дар Боғи фарҳангию фароғатии назди Муассисаи давлатии вилоятии “Қасри маданияти Арбоб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Маҷмааи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто дар соли 2022 қомат афрухтааст. Асарҳои офаридаи ў ба монанди чеҳраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Савганди ҷовидонӣ”дар осорхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Эҳёи тоҷикон”, “Файласуфон”, “Чўли Ироқ”, “Ҳифзи Суғду Бохтар”, дар галереяҳои шахсии ва давлатихои мамлакатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Изроил, Англия, Ҷумҳурии халқии Чин, Федератсияи Россия, асари калони “Асри тиллои”, дар Қалъаи Хуҷанди шахри Хуҷанд соли 2024 ҷой ёфтааст.