Ҷуёи Самарқандӣ
Баҳриддин Раҳимов | |
Сурат | |
Таърихи таваллуд | 1960 |
Зодгоҳ | Ғазза |
Ҷуёи Самарқандӣ(Баҳриддин Одинаевич Раҳимов)10 июни соли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Дар риштаҳои геология (Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон)ва филологияи гурҷӣ (Донишгоҳи давлатии Тифлис (Гурҷистон))таҳсили илм намудааст. Се маҷмӯаи шеъраш:"Тирамоҳи ормонҳо",Душанбе,1993;"Аз шаҳри ёдҳо",Душанбе,2002;"Суфраи шеър",Душанбе,2004, чоп шудааст. Тарҷумаҳояш низ аз забонҳои русӣ ва гурҷӣ дар рӯзномаву маҷаллот ва шакли китобҳои алоҳида рӯи чопро дидаанд. Дар айни замон сардабири рӯзномаи хусусии фарҳангию фароғатии "Сафина"-ро ба уҳда дорад. Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Намунае аз ашъори ӯ:
ШЕЪРУ ШОИР
Шеъри шоирро бихонед рӯи хокаш
Ҷои фотеҳа барои рӯҳи покаш,
К-интизорӣ мекашад дар осмон, то
Бишнавад шеъри баланди атрнокаш.
Шеъри шоирро бигиред дар сафарҳо
Ҷои тӯмори нигаҳдор аз хатарҳо.
Дафтарашро дар миён бандед бо нон
Мисли чӯпонбачча дар кӯҳу камарҳо.
Шеъри шоирро бихонед рӯзи мотам
Ҷои оятҳои таскинбахш ҳар дам.
Шеър ҳарфе з-одаму одамгарӣ аст,
Зишткориро ба олам мекунад кам.
Шеъри шоирро бихонед гоҳи мастӣ
То наяфтед аз баландиҳо ба пастӣ.
Шеъри шиорро бихонед дар раҳу рӯ,
Гоҳи дороиву гоҳи тангдастӣ.
Шеър рӯяд аз гили армони мардум,
Сабз гардад дар дилу дар ҷони мардум.
Шеъри шоир чун гияҳдоруи рӯҳ аст,
Ҷои шоир хонаи чашмони мардум.
АФҒОНИСТОН
Войи он шаҳре, ки онҷо диданӣ нест.
Войи он шаҳре, дар он рӯйидане нест.
Як гули бишкуфтаи бӯйиданӣ нест.
Войи он шаҳре, фазояш ғам гирифтааст.
Войи он шаҳре, ки одам рам гирифтааст.
Осмон бар ҳоли ӯ мотам гирифтааст.
Войи он шаҳре, ки девораш шикастаст,
Миллату қавмияташ паймон набастаст.
Ҷои испораш "Калашников" ба даст аст,
Войи он шаҳре, ки кунун холӣ зи Буддост.
Мардумаш бозичаи дасти дигарҳост,
Мезанад ҳамдигарашро аз чапу рост.
З-осмон ба ҷои борон тир борад,
Дар заминаш минаи хапгир дорад,
Чун раҳо ёбад? Ба по занҷир дорад.
Войи он шаҳре, ки анбори силоҳ аст,
Войи он шаҳре, ки ҳар сӯяш ҷиноҳ аст,
Рӯзи халқ аз дасти толибҳо табоҳ аст.
Войи он шаҳре, ки сар то пош хун аст,
Косайи сарҳо даруни хун нагун аст.
Дӯзах ар бошад, ҳамун асту ҳамун аст.