Jump to content

Гоф (ҳарф)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз گ)
Ҳарфи алифбои форсӣ гоф
گ
ګ ڬ ڭ ڮ گ ڰ ڱ ڲ ڳ

Хусусиятҳо

Ном

arabic letter gaf

Юникод

U+6AF

HTML-код

گ ё گ

UTF-16

0x6AF

URL-код

%DA%AF

Гоф (форсӣ: گاف‎) — номи ҳарфи бисту шашуми алифбои форсӣ.

Ин ҳарф дар алифбои арабӣ вуҷуд надорад. Онро забоншиносони эронӣ барои ифодаи овози г — пасизабонии тарканда (нигар Г) дар асоси ҳарфи ک (коф) ихтироъ кардаанд, яъне ба болои ҳарфи коф боз як хатча афзудаанд. Дар забони тоҷикӣ гоф то соли 1929 маъмул буд.

Шаклҳои навишташ чунинанд: дар аввал  — گـ ; дар мобайн — ـگـ ; дар охир — ـگ ; дар алоҳидагӣ — گ.

Дар забонҳои авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна — паҳлавӣ ва дар забони форсии нав (аз асрҳои 9 — 10 то ба имрӯз) калимаҳои бисёреро бо ҳарфи гоф метавон дучор омад. Ин ҳарф дар забонҳои эронии бостон, забони форсӣ тоҷикии имрӯз, гӯишҳои Эрону Афғонистон табдилҳо дорад, ки ба ҳайси мисол чанде аз онҳоро меорем: табдил ба ҳарфи ч-гун-чун; ба ҷ-геҳон-ҷаҳон, Буругард-Буруҷард, гавз-ҷавз, норгил-норҷил, гавҳар-ҷавҳар, Гунди Шопур-Ҷунди Шопур, Дагла-Даҷла, потангон-бодинҷон, Гургон-Ҷурҷон, лагом-лаҷом, Меҳргон-Меҳрҷон; ба ҳарфи д-куланг-куланд, овранг-овранд; ба ҳарфи ғ-шагол-шағол, зугол-зуғол; ба ҳарфи в-Гуштосб-Виштосб, гузоридан-вичоридан (дар забони паҳлавӣ), гург-вург, гул-вард, гуроз-вуроз; ба ҳарфи й(йот) — Раг-Рай (номи шаҳр), ҳумогун-ҳумоюн; ба ҳарфи ғ-огашта-оғушта, огуш-оғӯш, Пилгӯш-Пилғӯш, гулӯла-ғулӯла. Пас аз ҳои малфуз, инчунин дар ҳамин ҳолат ҷамъ бастан Г. навишта мешавад: хона-хонагӣ, банда-бандагӣ, дилдода-дилдодагон, хонанда-хонандагон, оянда-ояндагон, созанда-созандагон.

Дар баъзе ҳолат гоф аз талаффуз меафтад: агар-ар, в-агар-в-ар ва ғ.

  • بهشتی محمد. فرهنگ صبا.تهران، ۱۳۷۵ ش.؛
  • معین محمد. فرهنگ فارسی. تهران ۱۳۷۵ ش.؛
  • دهخدا. لغت نامه. جلد ۱۲. تهران ۱۳۷۷ ش.ر