Мушхор Гунаи умумии рустании гулкарда
Arctium tomentosum Mill. (1768)
Мушхор [ 2] , ё парам , ё патрун , ё эзорчаспак (лот. Ārctium tomentōsum ) — гиёҳест дусола, рустании паҳнбарги хордори часпанда.
Мушхор. Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби К. А. М. Линдман «Bilder ur Nordens Flora », 1917—1926
Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш сершохи сурхча, баргаш калон, гулаш бунафши сиёҳтоб, мевааш дорчинии хокистарранг ё бӯр. Июн — август гул карда, мевааш август — сентябр мепазад. Дар нишебии теппаҳо, заминҳои партов, боғ, ҷойҳои сернаму соя, қад-қади ҷӯйборҳо, полизҳо, наздикии манзилгоҳ, баъзан дар киштзор мерӯяд. Дар кӯҳҳои Мевағул, Зарафшон, ҳисору Дарвоз ва дигар ноҳияҳои набототӣ вомехӯрад.
Дар тиб решаи мушхорро кор мефармоянд. Онро соли аввал дар охири давраи нашв ё аввали баҳор ҷамъоварӣ мекунанд. Решаҳоро пора карда дар ҷои шамолрас мехушконанд (то 5 сол нигоҳ доштан мумкин).
Дар тибби халқӣ мушхор барои муолиҷаи бисёр бемориҳо истифода мешавад. Ҷӯшоби решаи онро чун давои пешоброну арақрон ва ҳангоми касалиҳои обхӯра, ниқрис, ширинча, диабети қандӣ, дарди санги гурда, қабзиятҳои музмин, газак, саратони бачадон ва сурхрӯда, касалиҳои пӯст (ҳафтпӯст, шукуфа, экзема, гармича), бемориҳои олоти таносул ва ғайра истеъмол мекунанд. ҳангоми саратони меъда решаи хушки майдакардаи мушхорро 7 — 10 рӯз дар спирт ё об нигоҳ дошта, якчумчагӣ мехӯранд. Сокинони ҷануби ҷумҳурӣ тухми бирёнкардаи мушхорро барои табобати чурра, газаки меъда ва дарди сандуқи сина (пеш аз таом) муфид меҳисобанд.
Тоҷикони қаротегину Дарвоз барги мушхорро буғ дода ба омос мебанданд. Дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт тухми мушхор ва мағзи чормағз ё зардолуро якҷоя кӯфта, ҳангоми миёндард мехӯранд, барги тару тозаи онро равған молида ба зону ва сар мегузоранд. Бо ҷӯшоби мушхор шустани сар мӯйро бақувват мекунад.
«Равғани мушхор», ки дар натиҷаи дар равғани бодом, шафтолу ё зардолу тар карда мондани решаи мушхор таҳия месозанд, давои беҳамтои халқӣ барои нигоҳубини мӯй аст.
Бино бар маълумоти The Plant List дар соли 2013[ 3] , дар синонимикаи навъ номҳои зерин дохил мешаванд:
Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.