Jump to content

Мушхор (ҷинси рустанӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Arctium)
Мушхор
Парам
Парамбарг — навъе аз ҷинси Мушхор. Намуди умумии рустании гулкарда. Германия
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Arctium L. (1753)
Мутародифот
Гунаҳо

Мушхор, ё парамбарг[4] (лот. Árctium) — як ҷинси рустаниҳои алафии дусолаест аз оилаи мураккабгулҳо.

Номи лотинии Arctium аз номи юнонии лотинишудаи мушхор — юн. arcion, ё arceion[2], ё arktion[5] баромада, ки нахустин бор онро Диоскорид ишора кардааст.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барги калон-калони найчашакли дуҷинсаи бештар қирмизӣ дорад.

Бино бар иттилооти пойгоҳи додаҳои The Plant List, ҷинс 19 намудро дар бар мегирад[6]:

11 намудаш дар минтақаҳои мӯътадили Авруосиё паҳн шудааст. Дар кишварҳои пасошӯравӣ 8 намудаш бештар дар наздикиҳои манзилгоҳ, ҷойҳои хокрӯбаю харобазор, лаби роҳ, полиз ва ғайра месабзад. Дар Тоҷикистон 2 намуди мушхор (Arctium majus; нигаред расм ва Arctium leptophyllum) дар боғу ҷойҳои сернам, қад-қади ҷӯйбор, гирду атрофи Душанбе ва дар кӯҳҳои Муғул, Зарафшон, қаторкӯхҳои Ҳисор месабзад.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯшоби решаи Arctium majus инчунин, кислотаҳои органикӣ, равгани эфир ва моддаҳои дигар дорад. Вай чун моддаи пешоброн, арақовар ва шарбаташ бо равғани бодом ё зайтун барои мустаҳкамкунии мӯй истифода мешавад. Ҷӯшоб ва хамираи решаи мушхорро барои муолиҷаи тарбод. ниқрис ва бемориҳои пӯст истифода мебаранд. Тухми мушхор то 15—20% равған дорад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. 2.0 2.1 2.2 Юзепчук С. В., Сергиевская Е. В. Лопух — Arctium // Флора СССР / Ботанический институт имени В. Л. Комарова Академии наук СССР; Начато под руководством и под главной редакцией акад. В. Л. Комарова; Редакторы тома Б. К. Шишкин и Е. Г. Бобров. — М.—Л.: Изд-во Академии наук СССР, 1962. — Т. XXVII. — С. 93—107.
  3. Germplasm Resources Information Network — Genus: Lappa Scop.(пайванди дастнорас)(англ.) v
  4. 4.0 4.1 Баҳси вожаи парамбарг(тоҷ.). Гурӯҳи Зодгоҳ — оғозгоҳи Ватан дар Фейсбук. (30 май 2017). 22 июли 2017 санҷида шуд.
  5. Ботанико-фармакогностический словарь: Справ. пособие / К. Ф. Блинова, Н. А. Борисова, Г. Б. Гортинский и др.; Под ред. К. Ф. Блиновой, Г. П. Яковлева. — М.: Высш. шк., 1990. — С. 207. — ISBN 5-06000085-0. Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2014  сол.
  6. Arctium(англ.). The Plant List. Version 1.1. (2013). 7 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2017.
  7. NCU-3e. Names in current use for extant plant genera. Electronic version 1.0. Entry for Arctium L. v
  • Атлас лекарственных растений Союза Советских Социалистических Республик. Москва, 1962;
  • Комаров В. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Душанбе, 1967.