Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нахлиҳо (лот. Arecáceae, Pálmae, Palmáceae ) — оилаи рустаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ.
240 ҷинси нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асосан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Аврупо (Испания, Фаронсаи Ҷанубӣ) мерӯянд.
Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. Қадашон то 60 метр ва қутрашон то 1 метр мешавад. Барги пайдарпаи паршакл (дарозиаш то 15 метр) ё панҷа-панҷа доранд; Дар 5—12 баъзан 30—50- умин соли ҳаёташон гул карда, мева медиҳанд. Нахлиҳо асосан рустании якхонагӣ буда, гулҳои якҷинса (баъзан дуҷинса)-и майдаи 3-узва ва ғуҷуммева ё донакмева доранд.
Нахлиҳо аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Меваи аксари нахлиҳо (масалан, хурмобун) чун хӯрок истифода мешавад (ниг. Рафия ).
Аз меваи хоми норҷил шири кокос мегиранд. Аз меваи пӯсташ тоза кардашуда равған ва маргарин ҳосил мекунапд. Аp пояи нахлиҳо нах мегиранд.
Нахлиҳоро дар соҳилҳои ҷанубии Қрим ва соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ, қисми ғарбии Туркманистон ва ғайра парвариш мекунанд. Нахлиҳоро аз тухм, фарғуч, навдаи решагирифта зиёд мекунанд. Дар Тоҷикистон нахлиҳо растании таҳҷоӣ набуда, фақат баъзе намудашон чун рустании ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Деревья и кустарники СССР, том 2, Москва— Ленинград, 1951;
Сааков С. Г., Пальмы и их культура в СССР, Москва—Ленинград, 1954;
Синягип И. И., Тропическое земледелие, Москва, 1968.