Дарахт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як намуди дарахтест, ки аз ҳама дарахти дарозтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.Секвойя.

Дарахт, дор, шаҷар (лот. árbor) — рустании дарозумри танаву шоху баргдор. Тибқи таснифи эколог ва геоботаники даниягӣ К. Раункиер дарахтҳо мансуби фанерофитҳо мебошанд. Дарахт аз тана, шоха ва реша иборат аст. Танаи дарахт аз ҷанини муғҷа рушд ёфта, ҳамеша ба боло месабзад. Тана такягоҳи шоху навдаҳо аст. Он моддаҳои ғизоиро интиқол дода, баъзан вазифаи захиравиро низ иҷро мекунад.

Таснифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахтҳо вобаста ба шакли тана (махрутшакл, устувонашакл, бардамида), шоху барг (аҳромшакл, байзашакл, чатршакл, мудаввар) ва баъзан реша аз ҳамдигар фарқ доранд. Тана ва шохсори дарахтони ҳақиқӣ, ки бисёре аз лучтухмҳо ва рустаниҳои дупаллагии гулдорро дар бар мегиранд, ҳамеша ё дар як мавсим аз ҳисоби фаъолияти камбий ғафс мешаванд; онҳо аз қисми фарохи марказӣ — чӯб (зиёда аз 90 дарсади ҳаҷм), ки бо пӯсти дуввумин ва пӯстлох фаро гирифта шудааст, иборат мебошанд. Чӯби дарахтони минтақаҳои иқлимашон мавсимӣ ба солҳалқаҳо ҷудо мешавад. Рустаниҳои дарахтмонанд, ки танаи онҳо бешох буда, баргҳои калон-калон доранд (сарахсҳои дарахтшакл, саговникҳо, нахл ва ғайра), ба гурӯҳи дарахтҳо дохил намешаванд; қисми асосии танаи онҳо аз бофтаҳои паренхемӣ ва дастаҳои интиқолии пӯшида иборат аст.

Дарахтони бузург[вироиш | вироиши манбаъ]

Тамоми минтақаҳои табииву кӯҳсори олам аз дарахтони гуногун таркиб ёфтаанд. Хосса дар минтақаҳои тропикӣ дарахтҳои гуногун месабзанд. Дарахтҳо мавҷудоти калонтарини кураи Замин мебошанд. Масалан, баландии секвойяи ҳамешасабз (Sequoia sempervirens) 115,3 м, қутри танаи таксодиуми мексикоӣ (Taxodium mucronatum) 11,4 м, ҳаҷми танаи саквойядендрони бузург (Sequoiaadendron giganteum) 1489 м3 аст. Вазни баъзе дарахтҳо беш аз 600 т ва тӯли умрашон зиёда аз 4,8 ҳазор сол (Pinus longaeva) мебошад.

Сарвати табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахтҳо дар гуногунрангии биоморфологӣ ва таҳаввулоти рустаниҳои тухмдор нақши муҳим доранд. Онҳо сарвати табиӣ ва манбаи асосии чӯб, хӯрокворӣ, дорувор, ашёи техникиву ороишӣ ва ғайра мебошанд. Дарахтонро барои барпо намудани бешазори муҳофиз, дарахтзори ҳифзи боғот, минтақаи ҳифзи киштзор ва ғайра низ истифода мебаранд. Коллексияҳои илмии дарахт дар дендрарийҳо мавҷуданд. Дарахтро илми дендрология меомӯзад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Качалов А. А. Древесные породы мира. М., 1982;
  • Лотова Л. И. Морфология и анатомия высших растений. М., 2000;
  • Еленевский А. Г., Соловьева М. П., Тихомиров В. Н. Ботаника. М., 2006.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: