Binance

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Binance – биржаи асъори криптӣ мебошад, ки платформаро барои савдои асъори криптии гуногун фароҳам меоварад. Дар ҳолати то апрели соли 2021, Binance бузургтарин биржаи мубодилаи асъори криптӣ дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми савдо мебошад.[1]

Binance аз ҷониби Changpeng Zhao таъсис дода шудааст, ки қаблан нармафзори савдои басомади баландро офаридааст. Binance дар аввал дар Чин ҷойгир буд, аммо баъдтар аз ҳисоби танзими асъори криптӣ дар Чин аз Чин кӯчид.

Binance расман аз ҷониби муассисаҳои ҷаҳонӣ ба танзим дароварда намешавад.[2] Дар куҷо ҷойгир будани қароргоҳи штаби ин ширкат маълум нест.[3] Соли 2018 Bloomberg эълон кардааст, ки қароргоҳи штаби Binance дар Малта воқеъ аст.[4] Дар моҳи апрели соли 2018 Binance бо ҳукумати Ҷазираҳои Бермуд Меморандуми якдигарфаҳмиро (МоВ) имзо кард.[5]

21 феврали соли 2020, Раёсати хидматрасонии молиявии Малта изҳороти оммавиро нашр кардааст, ки Binance "аз ҷониби MFSA барои фаъолият дар фазои асъори криптӣ ваколатдор нест ва аз ин рӯ ба назорати танзимии MFSA тобеъ нест."[6]

28 октябри соли 2020 кормандони Forbes ҳуҷҷатҳои фошшударо нашр карданд, ки дар он гуфта шудааст, ки Binance ва Changpeng Zhao (ки ҳамчун CZ низ машҳур аст) як сохтори мураккаби корпоративӣ сохтаанд, ки барои қасдан фиреб додани мақомотҳои танзимгари ИМА ва барои ба даст орвардани фоидаи махфӣ аз сармоягузорон дар асъори криптӣ пешбинӣ шудааст.[7]

20 апрели соли 2021 Брайан Брукс, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Office of the Comptroller of the Currency дар маъмурияти Трамп, директори иҷроияи нави Binance.US шуд.[8]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Top Cryptocurrency Spot Exchanges(англ.). coinmarketcap.com. 6 май 2021 санҷида шуд.
  2. Binance Review 2021(англ.). comparebrokers.co. 6 май 2021 санҷида шуд.
  3. Binance Doesn’t Have a Headquarters Because Bitcoin Doesn’t, Says CEO(англ.). au.news.yahoo.com. 6 май 2021 санҷида шуд.
  4. World's Biggest Cryptocurrency Exchange Is Heading to Malta(англ.). bloomberg.com. 6 май 2021 санҷида шуд.
  5. THE CONTINUING DEVELOPMENT OF A FINTECH ECOSYSTEM FOR BERMUDA(англ.). bernews.com. 6 май 2021 санҷида шуд.
  6. Public Statement - MFSA(англ.). mfsa.mt. 6 май 2021 санҷида шуд.
  7. Leaked ‘Tai Chi’ Document Reveals Binance’s Elaborate Scheme To Evade Bitcoin Regulators(англ.). forbes.com. 6 май 2021 санҷида шуд.
  8. Cryptocurrency Giant Binance.US Hires Former Top Bank Regulator(англ.). wsj.com. 6 май 2021 санҷида шуд.