Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурбашаклҳо |
---|
|
|
Felidae Fischer-Waldheim, 1817 |
- Гурбаҳои хурд (Felinae)
- Гурбаҳои калон (Pantherinae)
- Гепардҳо (Acinonychinae)
- †Гурбаҳои сабордандондор (Machairodontinae)
- †Проаилурус (Proailurinae)[1]
|
|
Гурбашаклҳо (лот. Felidae) — оилаи ҳайвонҳои ширхӯр аз қатори дарандаҳо.
Дарозии гурбашаклҳои хурдтарин 34 см ва вазнашон то 1 кг (гурбаи зарди холдор) аст; дарозии гурбашаклҳоҳои калонтарин то 3,8 м ва вазнашон зиёда аз 300 кг (бабр) мешавад. Дарозии думашон 10-114 см. Пои пеши гурбашаклҳо 5, пои ақибашон 4 ангушт дорад. Чанголи гурбашаклҳо, ба ғайр аз юз ва гурбаи суматравӣ, ҳангоми роҳ рафтан ба дарун кашида мешавад. Дандонҳои гурбашаклҳо нисбат ба дандонҳои дарандаҳои дигар кам (28-30 адад) аст, бинобар ин фуки онҳо хурд ва сарашон лунда мебошад. Забони гурбашаклҳоро пистонакҳои хормонанд фаро гирифтаанд, ки барои аз устухон канда гирифтани гӯшт ва лесида тоза кардани бадан ёрӣ мерасонанд. Мӯи гурбашаклҳо кӯтоҳ аст; намудҳои шимолӣ ва баландкӯҳии гурбашаклҳо нисбат ба намудҳои тропикии онҳо сермӯйтаранд. Ранги гурбашаклҳои зард ё тираи рах-рах ва холдор мешавад. Узви биноӣ ва шунавоии онҳо хуб, узви шоммаашон суст тараққӣ кардаТаснифотаст.
Зиёда аз 37 намуди гурбашаклҳо, ки ба 3 ҷинс мансубанд, дар ҳама ҷо, ғайр аз ҷануби Мадагаскар, Австралия, Гренландия, Антарктида ва Гвинеяи Нав паҳн гаштаанд. Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд. Гурбашаклҳо бештар шомгоҳон ва шаб фаъол мебошанд. Танҳо ё оила-оила зиндагӣ мекунанд. Гурбашаклҳои хурдҷусса (масалан, гурба) соле то 5-8, гурбашаклҳои калонҷусса дар ду сол 2-4 бача мезоянд, ки онҳоро асосан гурбашаклҳои модина нигоҳубин мекунанд. Гурбашаклҳо то 30 сол умр дида, хояндагони зараррасонро нобуд мекунанд; метавонанд ба соҳаи чорводорӣ зарар расонанд. Бабр, манул ва юз ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд.
- ↑ McKenna, M. C.; Bell, S. K. (2000). Classification of Mammals. Columbia University Press. p. 631. ISBN 978-0-231-11013-6.
- Соколова Е. В. Жизнь животных. М., 1989;
- Йозеф Райхолф, Казанцевой С. Млекопитающие. М., 2001;
- Константинов В. М., Шаталова С. П. Зоология позвоночных. М., 2004.