Камол |
---|
|
|
Ferula L., 1753 |
|
|
|
Камол, кумот (лот. Ferula) — номи умумии чанд навъ гиёҳи бисёрсола.
Аз 2 то 3 м қад мекашанд. Решааи ғафси сергӯшт, пояаи дарунковок, баргҳои бурришнок, тӯдагули чатршакл, гулҳои майдаи зард ё сафедча доранд, тухмашое байзашакл буда, аз ду нима иборат аст.
Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди он мерӯяд. Камолро метавон дар маҳалҳои кӯҳсор дучор омад.
Рошак (Ferula primaeva ), касруф (Ferula Eugenii), ров (Ferula foetidissima) мансуби ҷинси камол мебошанд[2].
Аз камол зифт, самғ, эфир, дору ва ғайра мегиранд, масалан, ассафетида, галбан, сапаген, аммониакум ва ғайра. Ассафетида, ки аз Ferula assa-foetida ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи бемориҳои асаб истифода мешавад.
Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебарнд. Аз рӯи мушоҳидаҳои чорводорон, аз истемоли рустании камол дар аввали фасли баҳор аз бадани чорво тамоми кирму паразитҳо дур мешавад.
Мутаасифона солҳои охир новобаста аз манъ намудани ҷамъоварии он, ба таври ғайриқонунӣ ва ғоратгарона шираи камол ҷамъоварӣ карда шуда истодааст. Ин амали номатлуб метавонад рустании камолро пурра дар Тоҷикистон ба нестӣ расонад ва наслҳои ояндаро аз фоидаи ин рустанӣ маҳрум созад. Растании камол эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад. Аз ин рӯ ба нестшавии он роҳ додан лозим нест[3].